Пешвои миллат: «Бояд дар оянда тавонем ҳар сол то 10-15 % маош ва нафақаю стипендияро баланд бардорем»

Декабрь 26, 2018 10:54

ДУШАНБЕ, 26.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи сентябри соли 2018 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин нафақа ва стипендия то 15% баланд бардошта шуд. Ин нуктаро имрӯз,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат баён доштанд.

Сарвари давлат дар идомаи суханони худ гуфтанд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои амалӣ намудани ин иқдом дар соли 2019  1,2 миллиард сомонӣ равона мегардад.

-Дар асоси барномаҳои қабулгардида, — гуфтанд Пешвои миллат, — мо бояд тарзе заҳмат кашем, ки барои баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа дар солҳои минбаъда низ заминаҳои зарурӣ гузошта шаванд.

«Яъне мо бояд дар оянда тавонем бо роҳи рушди иқтисодии мамлакат, саноатикунонӣ, рушди истеҳсолот, бо назардошти сарчашмаҳои иловагии буҷети давлатӣ ҳар сол то 10-15 % маош ва нафақаю стипендияро баланд бардорем», — илова намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Декабрь 26, 2018 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавӣ бунёд карда мешавад
Таҷрибаи Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар доираи СҲШ муаррифӣ карда шуд
20 АПРЕЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Ин мақомот сиёсати ҳуқуқии давлатро таъмин мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай фаромӯшхотириро кам мекунад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?