РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ «БАЛҶУВОН-САРИ ХОСОР». Бунёди он дар рушди сайёҳии мамлакат қадами муассир хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 31.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Роҳи автомобилгарди Балҷувон-Сари Хосор», ки сохтмонаш босуръат идома дорад, дар рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат аз аҳамияти калон бархӯрдор мебошад. Ин нуктаро зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муҳандиси Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло ДАВЛАТОВ баён дошт.
Бояд тазаккур дод, ки сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон –Сари Хосор»-ро, ки дарозии умумиаш 33 км –ро ташкил медиҳад, Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ оғоз намуда, аз соли 2017 инҷониб онро Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси фармоишгар идома медиҳад. КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншоотҳои нақлиётӣ»-и Вазорати нақлиёт корҳои лоиҳакашии марҳилаи якумро дар ин иншооти ҳаётан муҳим ба анҷом расонидааст. Бояд зикр намуд, ки роҳ душворгузар арзёбӣ гардида, дар зиёда аз 2 километри он гузаронидани корҳои таркишӣ ва дар 14 километр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба назар гирифта шудаанд.
Пудратчиёни сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон-Сари Хосор» Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди /ҶДММ/ «Сохтмон-Роҳ 2017» дар км 0 то км 9 ва ҶДММ «Паймонкори роҳ» аз км 13 то км 21,9 буда, бо 16 адад техникаҳои муосир дар иҷрои корҳо машғул мебошанд. Аз 33 км дарозии умумии роҳи автомобилгарди «Балҷувон-Сари Хосор» дар 21,9 км роҳ, ки харҷи лоиҳавии беш аз 84 миллион сомонӣ арзёбӣ гардидааст, иҷрои корҳо то ин муддат 16 миллион сомониро ташкил намуда, дар 11 километри марҳилаи дуюми роҳи мазкур корҳои лоиҳакашӣ идома доранд.
Абдулло Давлатов афзуд, ки дар марҳилаи аввали сохтмони роҳ аз 50 адад иншооти сунъии ба нақша гирифташуда, аз қабили такядеворҳо, қубурҳои обпарто, иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, иншооти обгардон 13 ададаш ба истифода дода шудаанд. Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ 13 370 метрро дар бар мегиранд.
То ҷое мусаллам аст, роҳи автомобилгарди «Балҷувон- Сари Хосор» аз самти рости Шӯробдарё, ки болооби дарёи Қизилсуи Ҷанубӣ мебошад, мегузарад. Дар айни замон дар мавзеи сохтмон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ босуръат идома дорад.
Муҳандиси Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ зикр кард, ки паҳнои умумии роҳи «Балҷувон –Сари Хосор» 8 метрро ташкил дода, қисмати мошингузар 6 метр мебошад.
Мавриди зикр аст, ки бунёди роҳи автомобилгарди «Балҷувон –Сари Хосор» хусусан дар ҷалби сайёҳони хориҷӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди сайёҳӣ дар ин минтақаи баландкӯҳи кишвар, ки дорои табиати нотакрор ва назаррабо, олами бои набототу ҳайвонот, шаршараю рӯдҳои хурӯшон, чашмаҳои шифобахш ва ёдгориҳои таърихӣ мебошад, заминаи устувор мегузорад.
Бояд тазаккур дод, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Балҷувон минтақаи сайёҳӣ эълон гардидааст, аз ин рӯ сохтмони роҳҳои автомобилгарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба муаррифии захираи иқтидорҳои сайёҳии Балҷувон, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин минтақаи баландкӯҳи кишвар мусоидат менамояд, зеро солҳои 2019-2021 бо ташаббуси Пешвои миллат дар Тоҷикистон «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидаанд.
Бунёди роҳи автомобилгарди «Балҷувон- Сари Хосор» дар ҳолест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат аз амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар –раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мужда расонида, зикр намуданд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ бунёду таҷдид карда шуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Бонки рушди Авруосиё санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ». Дар форуми байналмилалӣ 12 санади ҳамкорӣ имзо шуд
Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба 10,2 миллион доллар расид
Тоҷикистон 85 фоизи аҳолиро бо маҳсулоти ғизоии ватанӣ таъмин мекунад
Аъзои ҳайати Фландрияи Подшоҳии Белгия бо фаъолияти «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд
Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ҳамкориро дар самти рушди сармояи инсонӣ ва рақамикунонӣ густариш медиҳанд
Агентии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Душанбе 110 кг маҳсулоти гуногуни ҳасибии пастсифат ва ғайристандартиро ошкор намуд
Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист байни Тоҷикистон ва Муғулистон баррасӣ гардид
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Чин баррасӣ шуд






