Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Душанбе омад

Декабрь 10, 2018 15:10

ДУШАНБЕ, 10.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабри соли 2018  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи Сафири навтаъйини Фавқулода  ва  Мухтори Ҷумҳурии Мардумии  Чин Лю Бинро қабул кард.  

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои наздики ҳамкории  мутақобилан судманди ду кишвари ҳамҷавору дӯст ва шарики стратегиро  дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, нақлиёт,  саноат, маориф, илмӣ-техникӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо инчунин доир ба ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, ШОС, МҲТБО ва ғайра табодули афкор намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бинро  ба муносибати Сафири Фавқулода  ва  Мухтори Ҷумҳурии  Мардумии  Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданаш  табрик  намуда,  барояш комёбӣ ва  ба  кишвари дӯсти Чин шукуфоӣ таманно кард.

 

Декабрь 10, 2018 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»