Сафири Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Эстония Эътимоднома супорид
ДУШАНБЕ, 15.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 14 декабри соли 2018 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Эстония бо қароргоҳаш дар шаҳри Минск Маҳмадшариф Ҳақдод Эътимодномаи хешро ба Президенти Ҷумҳурии Эстония Керсти Калҳюлайд супурд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хоирҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Баъди анҷоми қисмати расмӣ суҳбати Президент бо Сафир баргузор гардид. Дар он ҷонибҳо дурнамои ҳамкории дуҷониба, тақвияти муносиботи байнипарлумонӣ, вусъат бахшидани заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкорӣ ва масоили мубрами байналхалқиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сафир ҳамчунин зимни сафари хеш бо Раиси Парламенти Ҷумҳурии Эстония Э. Нестер вохӯрӣ намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо вусъат додани муносиботи дуҷонибаро муҳокима намуданд.








Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






