Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо роҳбарияти Бонки исломии рушд мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 25.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Раиси Бонки исломии рушд доктор Бандар Ҳаҷҷор ва роҳбарону масъулони як зумра муассисаҳои назди ин бонки соҳибнуфуз мулоқотҳои судманд анҷом дод.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯриҳо масоили вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои давлатии рушд ва дастгирии бахши хусусии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба маблағгузории саривақтии лоиҳаи сохтмони марҳилаи нави роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаихумб ва дигар лоиҳаҳои афзалиятноки рушд зоҳир гардид.
Дар вохӯрӣ бо муассисаҳои кор бо бахши хусусӣ, ки бо ҳузури раиси «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пирзода ҷараён гирифт, таваҷҷуҳи бештар ба мавзӯъи кумак ба ин бонки низомсози Тоҷикистон зоҳир карда шуд.








Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд






