Ширкати «Сомон Эйр» либоси нави роҳбаладонашро муаррифӣ намуд
ДУШАНБЕ, 12.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳбаладон ва ҳавонавардони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» фаъолияти худро бо либосҳои нав, ки тибқи тарроҳии махсус бо нақшҳои миллӣ омода шудаанд, шурӯъ намуданд.
Тавре аз Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, либоси нави роҳбаладон ранги зебои қирмизӣ дошта, либоси қаблиро, ки ранги марҷонӣ ва нилобӣ дошт, иваз намуд. Ранги қирмизӣ чун ранги анор — рамзи эҳё интихоб шуда, бо риштаҳои тиллоӣ тасвир ёфтааст ва ба либоси роҳбаладон зебогии бештар мебахшад.
Бино ба иттилои манбаъ, маҷмӯи либоси расмӣ ба бонувон имкон медиҳад, ки доман ё шимро интихоб кунанд. Нимтана ва куртаҳои сафеди мардона аз матои пахтагин дӯхта шудаанд. Ҳамчунин сари роҳбаладонро кулоҳ оро медиҳад. Гарданпечи абрешимии шафтолуранг либоси хизматиро пурра намуда, гузариши маҳини як ранг ба ранги дигарро ба вуҷуд меорад.
Барои мардони роҳбалад либоси сиёҳ ва гарданбандҳои қирмизӣ интихоб шудаанд, то бо либоси занона мувофиқ бошанд. Илова бар ин, ҳамаи роҳбаладони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» соҳиби нишонаҳо шуданд, ки дар он номашон зикр гардидааст. Либоси расмии ҳавонавардон мукаммал шуда, ранги кабуди торикро нигоҳ доштааст.
Либосҳои расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати тоҷикии «Асри навин» махсус барои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» омода шудаанд.
Бояд гуфт, ки айни ҳол ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Германия, АМА, Туркия, Чин, Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият анҷом медиҳад.
Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.











Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






