Таҳти унвони «Аз ману сомони ман» китоби рӯзноманигор Камоли Қурбониён ба табъ расид
ДУШАНБЕ, 24.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодӣ нашриёти «Эр-граф» китоби узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Камоли Қурбониёнро таҳти унвони шоиронаи «Аз ману сомони ман» ба табъ расонд. Маҷмӯаи мазкурро барҳақ метавон муште аз хирвори пурбори ин рӯзноманигор ва тарҷумони соҳибистеъдоду пуркор, дастпарвари Донишгоҳи давлатии Санкт – Петербург номид.
Камоли Қурбониён муддати ҳафт сол сардабири нашрияи асосии ҳукуматӣ- рӯзномаи «Ҷумҳурият» буд. Он дар ин давра, ба гуфтаи адабиётшинос ва рӯзноманигор Фотеҳи Абдулло, «дар сафи пешоҳангони иттиҳоду бедории миллӣ қарор гирифт ва парчами эҳёю ҷамолу азамати таърихро баланд бардошт».
Камоли Қурбониён ҳоло мудирии Шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси Олии ҷумҳуриро ба уҳда дорад, аммо ҳамоно худро «хабарнигори содиқи «Ҷумҳурият» ҳисоб мекунад. Китобе, ки ӯ ба доираи васеи хонандагон манзур намудааст, аз ҳар ҷиҳат ҷолиб аст. Он дар бораи ҳамзамонони мо, ҳамкасбону ҳамкорони муаллиф аст. Ҳамаи матолиби он бо самимияту забони ноб фарқ мекунанд ва мамлӯи эҳтиром ва сипос нисбат ба инсонҳоеанд, ки рӯзноманигори дақиқназар онҳоро қаҳрамони очерку лавҳаҳои худ интихоб намуда, бо онон мусоҳиба кардааст. Худи номи матолиб низ гувоҳи ин мебошанд: «Сотим Улуғзода – ифтихори миллати озода», «Мо аз Талъатбону меомӯзем», «Хайринисои хоксори мо» ва монанди ин.
Ман Камолиддинро дер боз мешиносам ва медонам, ки ӯ дигар хел ҳам нависта наметавонист, зеро ин ҳама диди неку наҷобат аз тинату табиати худи вай бармеояд. Метавон гуфт, ки тинати ӯ қисмати ӯст.
Дар очерки басо дилгармона навиштаи муаллиф дар бораи бародари ҳамсабақам шодравон Раҳмон Остон вай борҳо ба дониши фароху ҳофизаи қавии ӯ ишорат мекунад. Ҳамзамон хеле сермутолиа будани худаш низ аён мегардад.
Очерки «Хостаи замон», ки онро чун меҳрномаи рӯзноманигор ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон қаламдод кард, дар китоб мақоми аввалиндараҷа дорад. Муаллиф на фақат аз хизматҳои таърихии Сарвари давлат, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ёдовар мешавад, балки тавонистааст хислатҳои наҷибу инсонии ин шахсияти бузурги таърихиро воқеъбинона ва самимона тасвир намояд. Ин бесабаб нест, зеро ба Камоли Қурбониён саодати бузурги дар паҳлуи Ҷаноби Олӣ кор кардан насиб гардида буд.
Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ






