ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 декабр, шанбе, 335-умин рӯзи соли 2018 аст

Декабрь 1, 2018 08:00

1 декабри соли 2010 дар Қазоқистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо суханронӣ карданд.

***

3 сол пеш, 1 декабри соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия сафар карда, дар он ҷо бо роҳбарияти олии Иттиҳоди Аврупо ва Комиссияи Аврупо, инчунин намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ мулоқот анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Чехия Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид.


1 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мубориза ба зидди ВНМО (СПИД).

***

Дар Қазоқистон – Рӯзи президенти аввалин.

***

Дар Руминия – Рӯзи муттаҳидии миллӣ.

***

Дар Исландия – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Украина – Рӯзи кормандони прокуратура.


РӮЙДОДҲО:

1 декабри соли 2006 дар шаҳри Душанбе намояндагии яке аз бонкҳои калони иқтисодии Қазоқистон -«Казкоммерсбонк» кушода шуд.

***

72 сол муқаддам, 1 декабри соли 1945 Федератсияи байналмилалӣ-демократии занон таъсис ёфт.

***

1 ноябри соли 1940 дар Италия дар фурӯши макарон ва биринҷ меъёр гузошта шуд.

  ***

Дар ин рӯзи соли 1942 Эфиопия бар зидди Германия, Италия ва Япония ҷанг эълон кард.

***

1 декабри соли 1948 дар Руминия фаъолияти калисоҳои гурҷӣ-католикӣ катъ гардид.

***

1 декабри соли 1969 дар Канада дастгоҳи азназаргузаронии ҳолати мастии ронандагон ҷорӣ карда шуд.


ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон портали миллии сайёҳиро фаъол намуд.

***

Соли 1863 дар Англия ҳангоми бозӣ ба даст гирифта, давидани тӯби футбол манъ гардид.

 

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Декабрь 1, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, душанбе, 232-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, якшанбе, 231-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, шанбе, 230-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, ҷумъа, 229-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, панҷшанбе, 228-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, чоршанбе, 227-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, сешанбе, 226-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, душанбе, 225-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, якшанбе, 224-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, шанбе, 223-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, ҷумъа, 222-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 август, панҷшанбе, 221-умин рӯзи соли 2024 аст