ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 декабр, панҷшанбе, 340-умин рӯзи соли 2018 аст

Декабрь 6, 2018 08:00

6 декабри соли 2011 дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ду бинои Шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сил баъди тармиму навсозии асосӣ ва муҷаҳҳазшавӣ бо навтарин техникаю таҷҳизоти ташхису табобат дубора ба истифода дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар  беҳтарин минтақаи истироҳату саёҳатии Ҳисор — дараи Алмосӣ Академияи футболи дастаи «Истиқлол» ифтитоҳ ёфт.

***

6 декабри соли 2015 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи томактабии хусусии «Зебуниссо» — ро ифтитоҳ намуданд.

 6 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Финландия- Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Қазоқистон – Рӯзи кормандони прокуратура.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи командони Вазорати алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ.

 РӮЙДОДҲО:

6 декабри соли 2007 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бизнес-форуми Тоҷикистону Афғонистон баргузор гардид.

***

6 декабри соли 2010 дар шаҳри Душанбе миёни вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

3 сол пеш, 6 декабри соли 2015 дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои боҳашамати Маркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии  «Ҳаёт» ифтитоҳ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе масоили дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНЕСКО муҳокима карда шуданд.

***

6 декабри соли 1929 дар Туркия ба занон ҳуқуқи овоздиҳӣ дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Ҷазираҳои Баҳама Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ ба имзо расид.

***

 Соли 1923 аввалин шумораи рӯзномаи «Вечерняя Москва» нашр шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Декабрь 6, 2018 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд