«ТОҶИКИСТОНРО БА САРЗАМИНИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Имрӯз дар мавзеи таърихии Вашгирд маъракаи тозакории мавзеъҳои сайёҳгузар доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар заминаи Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзеи қадимаи Вашгирди ноҳия шанбенгӣ ташкил гардид.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи аслии чорабинӣ беҳдошти фазои экологӣ ва ба роҳ мондани корҳои ободонӣ дар кишвар мебошад.
Қобили тазаккур аст, ки сайёҳӣ дар ноҳияи Файзобод яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар ояндаи наздик маҳсуб меёбад. Мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, табиати дилпазир ва мавҷудияти ёдгориҳои зиёди таърихӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоид мебошад. Ноҳияи Файзобод дорои 4 меҳмонхона, 3 тарабхона, 10 ошхона, маконҳои муқаддаси зиёратӣ, иншооти табиии табобатӣ буда, як гўшаи ободу зебо, файзбори ҷумҳурӣ аст.
Дар ноҳия ҷойгиршавии Вашгирди бостонӣ, яке аз қадимтарин ва калонтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёфт ва аз ҳудуди он гузаштани Шоҳроҳи Абрешим аз рушди тиҷорати бузург дар он далолат медиҳад. Осорхонаи ноҳия, ки дар он бозёфтҳои таърихӣ аз асрҳои V-VI мелодӣ нигоҳдорӣ карда мешаванд, барои ҷалби сайёҳону меҳмонон хеле мувофиқ мебошад.








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






