УСУЛИ ГИДРОПОНИКӢ ДАР СУҒД! Бо истифода аз ин технологияи замонавӣ бори аввал дар 2 гектар гармхона бунёд мегардад

Декабрь 4, 2018 08:30

ДУШАНБЕ, 04.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар вилояти Суғд бо усули гидропоникӣ ва ҷалби мутахассисони кореягӣ дар масоҳати 2 гектар гармхона бунёд мегардад. Дар ин бора миёни роҳбарияти ширкатҳои «Барс»-и Тоҷикистон ва «Мён Сунг»-и Кореяи Ҷанубӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.  Истифодаи технологияҳои муосир имконият медиҳад, ки аз ҳар гектар то 300-400 тонна помидор истеҳсол карда шавад.

Аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни  вохӯрӣ бо  роҳбари ширкати «Мён Сунг»- и Кореяи Ҷанубӣ Чон Ёнг Сун дар бораи имкониятҳои вилоят ва вазъи соҳаи кишоварзӣ маълумот дода, изҳор намуд, ки «ташкили гармхонаҳои муосир барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он мусоидат менамояд».

Мавриди зикр аст, ки «Мён Сунг» яке аз ширкатҳои маъруфи Кореяи Ҷанубӣ ба ҳисоб рафта, бо соҳибкорони кишварҳои гуногун дар самти бунёди гармхонаҳои замонавӣ бо истифода аз технологияҳои ҷадид ҳамкорӣ менамояд. Қабл аз ин ҳам миёни ҷонибҳо суҳбатҳо доир ва барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва бунёди гармхонаҳои замонавӣ дар вилояти Суғд тафовуқот ба даст омада буд.

 

Декабрь 4, 2018 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд