Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: «Ёрии аввалини тиббӣ дар муассисаҳои соҳа, новобаста аз шакли моликият ройгон буд ва боқӣ мемонад»

Декабрь 3, 2018 16:40

ДУШАНБЕ, 03.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Яке аз масъалаҳои доғи рўз, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазоратро ба ташвиш овардааст, ин сатҳу сифати расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба аҳолӣ, бахусус шабона дар муассисаҳои табобатию пешгирии дар шаҳри Душанбе ҷойгирбуда мебошад, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  изҳори нигаронӣ карда шуд».  Ин нуктаро Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода  дар машварати корие, ки дар   Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббӣ – Шифобахш» баргузор гардид,  зикр намуд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати мазкур хабар доданд, 1 декабри соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода   машварати корӣ оид ба масъалаи вазъи расонидани ёрии фаврӣ ва аввалини тиббӣ дар муассисаҳои табобатию пешгирӣ баргузор гардид. Дар он  ёрдамчии вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои вазорат, роҳбарони пажўҳишгоҳҳо, марказҳои миллӣ ва ҷумҳуриявӣ, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои табобатию пешгирии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Насим Олимзода оид ба сатҳу сифати расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба аҳолӣ, бахусус шабона ибрози нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки ёрии аввалини тиббӣ дар муассисаҳои тиббӣ, новобаста аз шакли моликият ройгон буд, ройгон аст ва ройгон боқӣ мемонад. Аз роҳбарон танҳо талаб карда мешавад, ки вазифаҳои хизматиашонро содиқона иҷро намуда, кумаки беғаразонаи худро ба аҳолӣ расонанд. Аммо, мутаассифона, ҳолатҳое ҳастанд, ки сабаби  норозигии аҳолӣ ва шаҳрвандон мешаванд, бахусус,  шабонгоҳон, ҳол он ки барои расонидани кумаки аввалини тиббӣ тамоми мавод дар муассисаи тиббӣ бояд муҳайё бошанд.

Инчунин Н.Олимзода   ба роҳбарони муассисаҳои тиббӣ дастур дод, ки бо беморон ва хешовандони онҳо муомила ва муоширати хуб ба роҳ монанд. Вазир инчунин супориш дод, ки фаъолияти дорухонаҳои шабона низ, ки дар дохили муассиса фаъолият мекунанд, зери назорат гирифта шаванд.

Дар бораи ҳодисаҳои гирифтор шудани шаҳрвандон ба бемориҳои гепатити С, ВНМО дар муассисаҳои тандурустӣ ишора карда, Н. Олимзода иброз намуд, ки Маҷлиси намояндони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид месозад, ки он ҷазоҳои боз ҳам сахттарро нисбат ба табибоне, ки сабаби гирифторшавии беморон ба ин гуна бемориҳо мешаванд, пешбинӣ менамояд.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Вазорат дар муассисаҳои табобатию пешгирӣ санҷишҳои муштарак гузаронида хоҳанд шуд.

Дар интиҳои ҷаласа бори дигар Вазир Насим Олимзода тамоми роҳбарони муассисаҳои тандурустиро ба хизмати софдилона даъват намуда, ба онҳо супориш дод, ки масъалаҳои баррасишударо зери назорати доимӣ ва қатъӣ қарор бидиҳанд.

Декабрь 3, 2018 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад