Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Руминия нақшаи амал оид ба ҳамкорӣ барои солҳои 2019-2020 ба имзо расониданд

Декабрь 7, 2018 10:52

ДУШАНБЕ, 07.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. 6 декабри соли 2018 дар шаҳри Милани Италия дар ҳошияи ҷаласаи 25-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Руминия Данут Себастиан Никулаеску баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкории дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, сайёҳӣ, маориф ва амниятӣ мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати баргузории даври ояндаи машваратҳои сиёсии дуҷониба миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Илова бар ин, ҷонибҳо дар атрофи авлавиятҳои раёсати Руминия дар Иттиҳоди Аврупо дар нимаи аввали соли 2019 ва дар ин замина тавсеаи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби стратегияи нави он бо кишварҳои Осиё Марказӣ ибрози андеша намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот Нақшаи амал оид ба ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Руминия барои солҳои 2019-2020 ба имзо расид.

 

Декабрь 7, 2018 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд