Вазорати кишоварзӣ: ҳосили ҷамъовардаи пахтакорони мамлакат 90,2 фоизи иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 06.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар пахтазори ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дошта, кишоварзон баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта аз тамоми воситаю имкониятҳо сари вақт ва самаранок истифода намуда истодаанд.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз аввали мавсим то 3 декабри соли равон деҳқонони мамлакат 323 ҳазору 680 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ин 90,2 фоизи иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахтаро то имрӯз кишоварзони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 131,4%, вилояти Суғд 111,5% ва вилояти Хатлон 80,2% иҷро намуданд.
Инчунин ҳосили ҷамъоваринамудаи пахтакорони ноҳияҳои Шаҳринав 177,5%, Ҳисор 168,7%, Ашт 144,3, Рӯдакӣ 125,9%, Зафаробод 125,3%, Данғара 117,7%, Б.Ғафуров 115,7%, Конибодом 108,9%, Бохтар 108,7%, Ҷ.Расулов 108,7%, Турсунзода 106,7%, Леваканд 105,7, Кушониён 101,0% ва Спитамен 100,2 фоизро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки пахта яке аз маҳсулоти содиротии давлат ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, бо дарназардошти талаботи бозор майдони кишти он дар ҷумҳурӣ сол аз сол васеъ ва ҳосилнокии он низ зиёд мешавад.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






