ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: Дар маркази ноҳияи Рӯшон маркази савдо мавриди истифода қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 03.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ васеъ ба роҳ монда шудаанд. Давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини мамлакат коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо, марказҳои савдо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд.
Дар доираи тадбирҳои нақшавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Рӯшон-шаҳраки Вомар маркази савдои дуошёна мавриди истифода қарор гирифт.
Маркази савдо аз ҷониби соҳибкор Гулбоз Зинатшоев дар шафати роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ қомат афрохт. Дар ошёнаи дуюм барои меҳмонон ва сайёҳон қаҳвахонаи «Боми ҷаҳон» ифтитоҳ гардид.
Ба гуфтаи соҳибкор Гулбоз Зинатшоев, чунин шароит барои пазироии ҷаҳонгардони хориҷӣ мувофиқ буда, ба сокинони маркази ноҳия имкон медиҳад, ки аз он маводи ғизоӣ ва маҳсулоти тоза дастрас намоянд.
Соҳибкор ният дорад, ки дар ояндаи наздик дар маркази савдо гӯшаи фурӯши намунаи ҳунарҳои мардумиро низ ташкил намояд.








Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






