ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Ховалинг ду муассисаи нави таълимӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
ХОВАЛИНГ, 15.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Давоми се соли дарпешистода зарур аст, ки дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру навсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг вусъат дода шавад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли 2018 зимни суханронии худ дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷамоати кишвар баён доштанд.
Дар робита ба ин супориши созандаи Сарвари давлат ва ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ бовусъат ҷараён дорад.
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг сохтмони 330 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар 113- тои он корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд. Як қисми ин иншоот барои соҳаи маорифу тандурустӣ ва фарҳанг пешбинӣ шудаанд.
Дар Паёми навбатии хеш аз 26 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Бо дастгирӣ аз ин иқдом соҳибкори ватанӣ дар деҳаи Хоракдараи Ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг як муассисаи таълимиро бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир ба истифода дод.
Муассисаи мазкур аз 10 синфхона, синфхонаи компютерии муҷаҳҳаз бо 11 адад компютер, як тахтаи электронӣ, хонаи муаллимон ва утоқи директор иборат мебошад. Гуфта мешавад, ки минбаъд дар ин муассиса дар ду баст 480 нафар хонандагон ба таълим фаро гирифта мешаванд. Дар ин ҷамоати дурдасти кӯҳистон омӯзгорону мактаббачагон аз норасоии ҷои нишаст ва кӯҳнаю фарсуда будани биноҳо мушкилӣ мекашиданд. Таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф, дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаб гардиданд, ки давоми панҷ соли охир мушкилоти ҷойдошта зина ба зина ҳал гарданд. Чанде пеш дар ин ноҳия ду муассисаи нави таълимӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Иншооти дигар бинои муассисаи деҳаи Питов-2 мебошад, ки аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд сохта шудааст. Бинои муассиса аз 8 синфхона, хонаи муаллимон, утоқи директор, китобхона ва синфхонаи компютерӣ иборат мебошад. Муассиса барои 200 нафар пешбинӣ шуда, дар ду баст 400 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд






