ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: то 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Мурғоб боз 85 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мегарданд

Январь 22, 2019 18:03

МУРҒОБ, 22.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Мурғоб яке аз баландтарин ва сардтарин минтақа  дар Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, сокинони он ба дастгириҳои бештари иқтисодию иҷтимоӣ ниёз доранд. Инро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 «Барномаи  рушди иҷтимои иқтисодии ноҳияи Мурғоб  барои солҳои 2016- 2020»-ро қабул намуд.

Барномаи мазкур бунёди  як зумра иншооти муҳими хоҷагии халқро ба нақша гирифтааст. То имрӯз аз нисф бештари ин иншоот мавриди истифода қарор гирифта, корҳои ободониву созандагӣ дар ин ноҳияи дурдаст идома доранд. Муовини раиси ноҳия Исрор Исроров гуфт, ки  «мутобиқи барномаи мазкур  давоми 3 соли охир  дар ҳудуди ноҳия   34 иншооти марбут ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангиву саноатӣ  бо харҷи 239 млн сомонӣ  бунёд гардиданд. Дар айни ҳол барои бунёди  9 иншооти дигар 5 миллион сомонӣ ҷудо шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд».

Муовини раиси ноҳия гуфт, ки Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба кору зиндагии сокинони ин ноҳияи дурдаст таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Сарфи назар аз дурии роҳ ва иқлими сарду боронӣ Пешвои миллат давоми 27 соли охир зиёда аз 20 маротиба ба ноҳияи Мурғоб сафари корӣ анҷом додаанд. Баъди ҳар як сафар дар ин ё он гӯшаи ноҳия ҳатман бинои хуштарҳу замонавӣ қомат рост мекунад. Моҳи сентябри соли гузашта барои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии деҳоти ноҳия таҳкурсии устувор гузошта шуд. Дар ҳузури  Пешвои миллат  Неругоҳи барқи обии Тоҷикистон дар болооби дарёи Оқсу ба кор андохта шуда, яке аз орзуҳои деринаи сокинони маркази ноҳия ва деҳоти атрофи он ҷомаи амал пӯшид. Зеро то навсозӣ ин неругоҳ дар фасли зимистон ҳамагӣ то 400-500 кв-соат неруи барқ тавлид мекард ва сокинони маркази ноҳия мутобиқи реҷа аз 3 то 6 соат дар як шабонарӯз ба неруи  барқ дастрасӣ доштанд.

Сокинони ноҳия барои гарм кардани хона ва пухтани таом аз як навъи растанӣ бо номи трескен истифода мекарданд. Дар 10 соли охир ин навъи растаниро дар наздикиҳо пайдо кардан ғайриимкон гашт ва бошандагони деҳа маҷбур мешуданд, ки барои дастрас кардани он аз 5 то 8 километр роҳ тай намоянд. Дар шароити иқлими сарди ноҳия тай кардани ин масофа чандон осон набуд. Ба ҷуз ин, растании трескен хӯроки асосии қутос аст ва аз байн рафтани он ба рушди соҳаи қутоспарварӣ  монеа эҷод мекард.

Неругоҳи «Тоҷикистон»  якуним ҳазор киловатт-соат неруи барқ истеҳсол менамояд. Он мушкилоти бебарқиро дар маркази ноҳия ва деҳоти атрофи он аз байн бурда, сифати зиндагии деҳотиёнро боз ҳам беҳтар кард. Акнун манзили сокинони ноҳияи Мурғоб гарму равшан шуда, барои сайқал додани ҳунарҳои дастӣ шароити мусоид фароҳам гардид. Аксарияти бошандагони ноҳия ба чорводорӣ шуғл меварзанд ва аз пӯсту пашми чорво маҳсулоти гуногун тавлид мекунанд. Баъди ба  истифода додани ин неругоҳ  фаъолияти  муассисаҳои  таълимию тандурустӣ ва фарҳангию варзишӣ низ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.

Маркази ноҳияи Мурғоб  то соҳибистиқлолии Тоҷикистон  дорои  биноҳои  якошёна  буд, ки бештарашон  хонаҳои чӯбини  финӣ буданд. Танҳо дар солҳои 70-уми асри гузашта дар ин ҷо як  бинои дуошёнаи истиқоматии 12- ҳуҷрагӣ ва  бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  бунёд гардидаанд.

Айни ҳол маркази ноҳия  симои худро  ба куллӣ тағйир додааст. Дар хиёбони марказӣ зиёда аз даҳ  адад биноҳои  маъмурию маишӣ, таълимию тандурустӣ, қаҳвахонаву меҳмонхонаҳои хурду бузург бунёд ёфта,  ба маркази ноҳия ҳусни бештар зам намудаанд.

Соли гузашта дар маркази ноҳия  аз ҳисоби   маблағҳои   махсуси  Кумитаи ҳифзи  табиати  ҷумҳурӣ  боғи фарҳангӣ  бунёд гардид. Ин макон  бо  таҷҳизоти зарурӣ   таъмин гардида, дар ихтиёри кӯдакон ва наврасон гузошта шуд. Акнун дар вақти таътили тобистона  барои  кӯдакону наврасон  шароити хуб фароҳам оварда шуд ва онҳо  ба бозиҳои варзишию фароғатӣ ва фарҳангӣ машғул мешаванд. Калонсолон ҳам  имконият пайдо намуданд, ки дар боғи мазкур дар ҳалқаи фарзандону ҳамсолонашон вақти худро хуш гузаронанд.

Ба гуфтаи муовини раиси ноҳия, то 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия 85 иншооти мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ ва маишӣ бунёд мегарданд.

Январь 22, 2019 18:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон таҷрибаи пешрафтаи Қазоқистонро дар самти истифода аз технологияҳои нав барои рушди соҳаи мелиоратсия меомӯзад
Дар Тоҷикистон низоми e-Phyto татбиқ мегардад
Оид ба кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон Созишномаи қарзии иловагӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд ба маблағи 20,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Хуросон сохтмони иншооти соҳаи маориф вусъати тоза гирифтааст
Тоҷикистон ба SpaceX/Starlink лоиҳаи Харитаи роҳи ҳамкориро пешниҳод намуд
Тоҷикистон ва Беларус бо мақсади рушди соҳаи нақлиёт ва логистика Харитаи роҳ оид ба ҳамкориро таҳия менамоянд
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд
Даҳаи охири моҳи август дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз мешавад
Муассисаю корхонаҳои соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон ба фасли зимистон омодагӣ мегиранд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо вазъи корҳои саҳроӣ шинос шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 1,2 миллиард сомонӣ расонида шуд