ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: То ҷашни Истиқлолият дар Ҳисор Маркази бузурги савдои «Самоҳ» ба истифода дода мешавад

Январь 9, 2019 13:31

ДУШАНБЕ, 9.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар арафаи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Маркази бузурги савдои «Самоҳ»  ба истифода дода шавад. Дар ин бора Сармеъмори шаҳри Ҳисор Тоҷиддин Шамсуддинов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Маркази савдои «Самоҳ»  дар майдони 10 гектар доман густурда, аз ду ошёна ва 17 қисм иборат мебошад. Фармоишгари сохтмони Маркази  савдои «Самоҳ» Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Самоҳ» мебошад. Масоҳати умумии ин иншооти бузурги савдо 9 ҳазору 963 метри мураббаъро ташкил дода, дорои  450  адад мағоза хоҳад буд.

Ҳамзамон Маркази савдои «Самоҳ» дорои таваққуфгоҳ бо фарогирии беш аз 400 адад нақлиёт мебошад. Алҳол корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот босуръат идома дошта, дар он   сохтмончиёну мутахассисон  саргарми коранд.

Назар ба иттилои Сармеъмори шаҳри Ҳисор Тоҷиддин Шамсуддинов,  корҳои сохтмонӣ дар панҷ қисмати иншооти  мазкур ба анҷом расонида шуда, интизор меравад, ки он дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Бояд тазаккур дод, ки чанде пеш муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим зимни сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бархе аз иншооти бунёдшавандаи ин шаҳр, аз ҷумла Маркази бузурги савдои «Самоҳ»  шинос гардида, ба масъулин ҷиҳати босифат бунёд намудани ин иншооти бузурги хизматрасонӣ дастуру супоришҳо дод.

Дар баробари ба истифода додани Маркази савдои «Самоҳ» дар шаҳри Ҳисор  се ҳазор нафар бо кор ҷои кор  таъмин мегарданд. Алҳол дар  бозори «Самоҳ» қариб 1900 нафар соҳибкорон фаъолият доранд. Инчунин ба нақша гирифта шудааст, ки дар оянда дар шафати Маркази бузурги савдои «Самоҳ» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи  хизматрасонӣ ба меҳмонон меҳмонхона бунёд карда шавад.

Раванди корҳои бунёкорию созандагӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат дар ҳоле ҷараён дорад, ки се соли оянда- солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  эълон гардидаанд.

                                                           Марзия САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

Январь 9, 2019 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад