Бек Қурбонзода: «Соҳибкорон барои саҳм гузорӣ дар рушди маҳал ҳавасманд мегарданд»

Январь 29, 2019 13:07

ДУШАНБЕ, 29.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мақсади Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фароҳам овардани шароит барои рушди маҳал, таҳкими низоми идоракунии маҳаллӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (минбаъд — идоракунии маҳаллӣ) оид ба масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал ҷиҳати ноил гардидан ба пешрафти иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Ин нуктаро муовини аввали раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бек Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт.

«Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021  Раиси Кумитаи рушди маҳал ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таъйин гардида, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар оид ба бунёди 268 иншооти иҷтимоии гуногун дар маҳаллаҳои шаҳр таҳия гардидааст. Ин нақша бо қарори Маҷлиси вакилони шаҳри Бохтар тасдиқ карда шуда, бунёди иншоот идома дорад»,-афзуд Бек Қурбонзода.

Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Кумита баҳри фароҳам овардани фазои мусоид ва ҷорӣ намудани усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар маҳалҳо, баррасӣ ва амалисозии лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ вобаста ба таҳлили хусусиятҳои хоси ҳар як минтақа, захираҳои табиӣ ва инсонӣ, иқлим ва шароити ҷойгиршавии онҳо дар назар дошта шуда, ҳамкорӣ бо мақомоти масъул ташкил карда шудаанд.

«Дар таҳияи пешниҳодҳо аҳамияти хосса ба иҷрои супоришҳои  Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Кумита барои иҷрои он масъул аст, ҷиҳати ҷорӣ намудани усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорон дар маҳал дода шуд»,- баён дошт мавсуф.

Гуфта шуд, ки аз ҷониби Кумита ҳавасманд гардонидани соҳибкорон бо фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани сатҳи касбият ва иттилоотонии онҳо ба роҳ монда шуда, мукофотонидани онҳо бо мукофотҳои соҳавии вазорату идораҳо ташкил карда мешавад.

«Ин ташаббус метавонад «Саҳм дар соҳаи рушди маҳал» ва амалигардонии пешниҳодҳоро барои ҷалби соҳибкорон ба корҳои ободонию бунёдкории таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, ташкили корҳои ободонию бунёдкорӣ ва тасдиқ намудани он дар маҷлиси вакилони шаҳру ноҳия мусоидат намояд»,- илова намуд Бек Қурбонзода.

Январь 29, 2019 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид