«БИЁЕД КИТОБ МЕХОНЕМ!». Таҳти ин шиор дар Хуҷанд ҳамоиши омӯзишӣ ва маърифатӣ баргузор шуд

Январь 18, 2019 08:32

ДУШАНБЕ, 18.01.2019./АМИТ «Ховар»/.  Бо дастгирии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд  ва ташаббуси  Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи » Биёед китоб мехонем!»  баргузор гардид.

Дар тренинг роҳбари маҳфили «Муаррихони ҷавон» Ҷасур Ҳайитқулов   оид ба аҳамияти китобхонӣ сухан гуфта, иброз дошт, ки тоҷиконро дар ҳама давру замон бо фарҳанги воло ва таърихи пурғановаташон мешинохтанду мешиносанд. Ба василаи осори баландмазмуни адибу донишмандони бузургамон халқи тоҷик ба дигар қавму миллатҳои дунё  муаррифӣ гаштааст.

Зимни ҳамоиш аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки насли ҷавони имрӯза дар  китобхонӣ аз гузаштагони худ  қафо  мондаанд, ба китобдорию китобхонӣ аҳамияти хоса зоҳир намекунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз китобу китобхонӣ дур шудан дар саросари олам дар интиҳои садаи ХХ ба миён омадааст.

Вобаста ба ин ба иштирокдорон фаҳмонида шуд, ки бо мақсади дур намудани ҷавонон аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб ва ҷалби онҳо ба китобхонӣ  ҷавонон бояд чораҳои мушаххас андешанд.

Дар охир иштирокдорони тренинги мазкур ба  хулоса омаданд, ки баҳри ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба китобхонаҳо фикру ақидаҳои худро пешниҳод  менамоянд ва аксияву машғулиятҳои тарбиявию маърифатӣ доир менамоянд.

Январь 18, 2019 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд