«БОҒДОРӢ ДАР РУШДИ ДЕҲОТ». Чунин ном дорад гӯшаи Тоҷикистон дар «EXPO-2019»-и шаҳри Пекин
ДУШАНБЕ, 30.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоишгоҳи байналмилалии «EXPO-2019»- Пекин, ки аз 29 апрел то 7 октябри соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад, омодагии ҷиддӣ мебинад.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки бо мақсади иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи «EXPO-2019»- Пекин бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардидааст.
Интизор меравад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои худро дар намоишгоҳи «EXPO-2019»-Пекин таҳти унвони «Боғдорӣ дар рушди деҳот» муаррифӣ намояд. Ин унвонро гирифтани гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи «EXPO-2019»- Пекин дар ҳолест, ки се соли оянда-2019-2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Пешвои миллат Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ эълон гардидаанд.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






