Болоравии нархи орд ба баланд шудани нархи ғалла дар Қазоқистон рабт дорад-бардошт аз нишасти Хадамоти зиддиинҳисорӣ
ДУШАНБЕ, 30.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ба саволи хабарнигорон доир ба болоравии нархи орд иброз дошт, ки яке аз сабабҳои асосии боло рафтани нархи орд — ин пеш аз ҳама, баланд шудани нархи ғалла дар Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад. Имрӯзҳо асосан воридоти ғалла ба Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Қазоқистон сурат мегирад. Соҳибкорони Тоҷикистон аз Қазоқистон ғалла харида, дар корхонаҳои худ коркард мекунанд ва ҳамчун орди истеҳсоли ватанӣ онро ба фурӯш мебароранд.
«Соли 2018 истеҳсоли ғалла дар дигар давлатҳо паст шуд ва талабот ба ғаллаи Ҷумҳурии Қазоқистон зиёд гардид. Бо сабаби зиёд шудани талабот Қазоқистон низ бо истифода аз ин фурсат нархи маҳсулоти худро баланд намуд. Ҳамчунин фарқияти қурби асъор низ ба болоравии нарх таъсиргузор буд»,- гуфт Саъдӣ Қодирзода.
Ба зикри номбурда, моҳи январ нархи орд боз каме боло рафт. Вале новобаста аз ин, Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо соҳибкорон перомуни ин масъала мулоқоту суҳбатҳо баргузор намуд. Ҳоло ин соҳибкорон дар бозорҳои шаҳри Душанбе ордеро, ки 185 сомонӣ ба фурӯш меравад, бо нархи 165 сомонӣ манзури харидорон намуда истодаанд.








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






