Бонки ҷаҳонӣ: «Ҳулбук ва Чилучорчашма метавонанд чун мавзеъҳои сайёҳии байналмилалӣ муаррифӣ гарданд»

Январь 25, 2019 13:00

ДУШАНБЕ, 25.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. 24 январи соли равон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ҳайати намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати меҳмонон бо роҳбарии иқтисодчии пешбари бахши молияи Бонки ҷаҳонӣ Андреа ДаллОлио ва мутахассис оид ба иҷрои амалиёт Татяна Сегал, сармутахассис оид ба кор бо лоиҳаҳо ва бахши хусусӣ Раҳа Шаҳид ва сармутахассис оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист Ҷон Колйер иштирок доштанд.

Зимни мулоқот дурнамои рушди муносибатҳо дар соҳаи тармиму таъмири ёдгориҳои беназири таърихӣ, воридоти технологияи муосир, сохтмони биноҳо ва осорхонаҳои кишвар бо сабки замонавӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳии мамлакат барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ баррасӣ гардиданд.

Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ барои саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва нигаҳдошти чор ёдгории таърихӣ — Мавзеи табиӣ-бостонии «Чилучорчашма», Ёдгории меъмории «Мадрасаи Хоҷа Машҳад», шаҳри асримиёнагии Ҳулбук ва Қалъаи Ямчун изҳори андеша намуда, оид ба фароҳам овардани шароити мусоид, сохтмони меҳмонхонаҳо ва дӯконҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ таклифҳо манзур намуданд.

Зикр гардид, ки мавзеъҳои мазкур метавонанд чун мавзеъҳои сайёҳии байналмилалӣ муаррифӣ гарданд.

Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли Паёми навбатии хеш аз 26 декабри соли 2018 оид ба ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихии мамлакат чунин таъкид намуданд: «Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад».

Январь 25, 2019 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид