Чемпионати Осиё: дастаи мунтахаби Баҳрайн дар даври охир ғолиб гардид
ДУШАНБЕ, 15.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Баҳрайн дар бозии ҷамъбастии гурӯҳи «А» дастаи мунтахаби Ҳиндустонро бо натиҷаи 1:0 мағлуб намуда, масъалаи ба даври минбаъда баромаданро ҳал кард. Ин дар ҳоле рух дод, ки то дақиқаи 90-уми вохӯрӣ ҳисоб баробар буд. Аловиддин БӮРИЕВ шарҳ медиҳад.
Шоми дирӯз бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба футбол дар гурӯҳи «А» ба анҷом расиданд. Дар як вақт дастаҳои мунтахаби Амороти Мутаҳидаи Араб бо Таиланд ва Ҳиндустон бо Баҳрайн дар варзишгоҳҳои “Ҳазза бин Зайд Стедиум”-и шаҳри Алайн ва “Шарҷа Стедиум”-и шаҳри Шарҷаи АМА ба ҳам қувва санҷиданд. Дар ин гурӯҳ ҳамаи дастаҳо то дақиқаи охирини бозӣ имконияти баробари ба сабқатҳои 1/8-ниҳоӣ роҳхат гирифтанро доштанд.
Дар вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби Баҳрайн ва Ҳиндустон то дақиқаи 90 ҳисоб кушода нашуд. Аммо дар натиҷаи вайрон кардани қоида дар майдони назди дарвоза довари ӯзбекистонӣ Илгиз Танташев ба дарвозаи дастаи Ҳиндустон зарбаи 11-метра таъйин кард ва онро Ҷамол Рашид ба нишон расонд. Ҳисоби 1:0 дастаи мунтахаби Баҳрайнро аз зинаи 4-ум ба ҷои 3-юм баровард ва ин даста муборизаро барои Ҷоми миллатҳои Осиё идома медиҳад. Дастаи Ҳиндустон, ки аз оғоз дар ҷои аввал ва баъдан дар зинаи дуввум буд, Чемпионатро тарк мекунад.
Бозии байни дастаҳои мунтахаби АМА ва Таиланд бо нишондоди 1:1 ҷамъбаст гардид. Тӯбҳоро Алӣ Аҳмад Мабҳут (7, АМА) ва Ситипан Пуангчан (41, Таиланд) ба дарвоза заданд.
Дар натиҷа аз гурӯҳи «А» се даста –АМА, Таиланд ва Баҳрайн тавонистанд ба бозиҳои марҳилаи плей-офф роҳхат гиранд.
Имрӯз дар идомаи даври охирини бозиҳо дар гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби Австралия бо Сурия ва Фаластин бо Урдун вориди майдон мешаванд.









Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






