Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба табодули таҷриба зимни идораи самараноки захираҳо мулоқот сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 29.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев 28 январ дар Душанбе бо коршиноси молиявии Барномаи машваратӣ ва идораи захираҳои (RAMP) Бонки ҷаҳонӣ Бернард Мурира мулоқоти корӣ доир намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот Ҷамолиддин Нуралиев ва Бернард Мурира оид ба татбиқи Барномаи машваратӣ ва идоракунии захираҳои (RAMP) Бонки ҷаҳонӣ барои Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати табодули таҷриба дар самти идоракунии самараноки захираҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони ин бахш ибрози назар карданд. Зикр гардид, ки дар доираи даври аввали татбиқи Барномаи машваратӣ ва идораи захираҳои (RAMP) Бонки ҷаҳонӣ вохӯриҳо бо коршиносон, табодули таҷрибаи бонкҳои марказии узви ин барнома дар самти идоракунии захираҳои байналмилалӣ, иштирок дар машғулиятҳои омӯзишӣ дар такмили мутахассисон нақши зиёд дошт.
Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи Бернард Мурираро барои идомаи ҳамкорӣ дар сатҳи сифатан нав, яъне ба ҳайси узви комилҳуқуқи Барномаи машваратӣ ва идоракунии захираҳо (RAMP), ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ татбиқ мегардад, ҷалб намуд. Ҷамолиддин Нуралиев бахусус табодули таҷриба ва такмили ихтисоси мутахассисонро дар доираи методологияи муқаррар намудани сиёсати нархгузорӣ, сохтор ва стратегияи тарифҳо ба манфиати кор донист.
Коршиноси бахши молиявии Барномаи машваратӣ ва идораи захираҳо Бернард Мурира изҳор дошт, ки тайи чанд рӯзе, ки дар Тоҷикистон ба ҳайси машваратчӣ қарор дорад, аз даври аввали барнома натиҷагирӣ карда, барои идомаи ҳамкорӣ дар зинаи нав таклифу пешниҳодҳои худро манзур хоҳад кард. Бернард Мурира зикр кард, ки идома додани ҳамкорӣ ба ҳайси узви комилҳуқуқи Барномаи машваратӣ ва идоракунии захираҳо (RAMP), ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад, ба мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон имконияти дастрасӣ ба барномаҳои тахассусӣ оид ба тақсимот ва идораи захираҳоро хоҳад дод. Дар доираи кумаки техникии ин Барнома мутахассисон метавонанд аз таҷрибаи бонкҳои марказӣ ва коршиносону машваратчиёни Барнома оид ба идораи самараноки захираҳо такмили ихтисос кунанд.
Бояд зикр кард, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба Барномаи машваратӣ ва идораи захираҳо (RAMP), ки аз ҷониби Раёсати хазинадории Бонки ҷаҳонӣ татбиқ мегардад, моҳи майи соли 2016 дар доираи Барномаи заминавии хизматрасониҳои машваратии техникӣ шомил гаштааст.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






