Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 02.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. 31 декабри соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ Давлаталӣ Саид доир гардид. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур муовини Раиси Шўро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, аъзои Шӯро, вазирони адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва мақомоти санҷишӣ, шарикони рушд ва дигар шахсони масъул иштирок варзиданд.
Дар ҷаласа, гузориш оид ба ҷараёни иҷрои Протоколи №3 ва 5 Шўрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, оид ба ҷараёни санҷишҳои гузаронидаи мақомоти санҷишӣ дар 9 моҳи соли 2018 шунида, рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор ҷиҳати татбиқи қонунгузории соҳаи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ пешниҳод шудааст, инчунин номгӯи меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, нақшаҳои солонаи гузаронидани санҷишҳо барои соли 2019 ва номгӯи масъалаҳои назоратие, ки аз ҷониби мақомоти санҷишӣ ва дигар масъалаҳои барои мувофиқа ба Шӯро пешниҳодшуда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.








Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид






