Дар Париж даври сеюми машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Франсия баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 30.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. 29 январи соли 2019 дар шаҳри Париж даври сеюми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия баргузор гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва ҳайати Франсияро Директори генералии Департаменти Аврупои континенталӣ хонум Флоранс Манжан роҳбарӣ намуданд.
Дар машваратҳо ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия Ҷамолиддин Убайдулло ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни нишаст ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Франсия, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, гидроэнергетика, саноат, тандурустӣ, маориф, илму фарҳанг ва сайёҳиро мавриди муҳокима қарор доданд. Табодули афкори судманд дар мавзӯи мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир, тақвияти муносибатҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамкории минтақавӣ сурат гирифт.
Дар хотимаи машваратҳо ҳавасмандии амиқи мутақобилаи ҷонибҳо ҷиҳати ҷонноксозии минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак тасдиқ гардид.








Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






