Дар шаҳри Исфара Дидбонгоҳи сарҳадии «Хоҷаи Аъло» ва гузаргоҳи сарҳадии «Сурх» ифтитоҳ гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи соли нави мелодӣ дар шаҳри Исфара ду иншооти муҳими стратегӣ — Дидбонгоҳи сарҳадии «Хоҷаи Аъло» ва гузаргоҳи сарҳадии «Сурх» ифтитоҳ гардиданд.
Дар маросими ифтитоҳи ин иншоот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майор Аслам Назар ва роҳбарияти шаҳри Исфара иштирок намуда, онҳоро мавриди истифодаи сарҳадбонон қарор доданд.
Зикр карда шуд, ки бунёди иншооти мазкур нишони таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумат нисбат ба ҳомиёни Ватан, аз ҷумла хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ мебошад.
Дидбонгоҳи сарҳадии «Хоҷаи Аъло» дорои хобгоҳ, ошхона ва дигар инфрасохтори зарурии низомию хоҷагидорӣ буда, дар шафати он бинои истиқоматӣ, иборат аз хонаҳои 2-ҳуҷрадор барои 4 оилаи афсарон низ бунёд гардидааст.
Дидбонгоҳро тибқи фармоиши Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд сохтмончиёни ширкати сохтмонии «Исфара» бунёд намудаанд. Арзиши лоиҳавии он 5 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин рӯз ҳамчунин гузаргоҳи сарҳадии «Сурх» ифтитоҳ гардид. Фармоишгари ин иншоот низ Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд буда, арзиши корҳои анҷомдодашуда 1 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






