ДАРАХТ БИНШОН! Дар Суғд 90 гектар боғҳои интенсивӣ бо истифода аз ниҳолҳои қадпаст бунёд мегарданд

Январь 8, 2019 09:03

ХУҶАНД, 08.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба иҷрои “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020” ва вусъат бахшидан ба корҳои ниҳолшинонӣ дар ноҳияҳои иқлимашон мусоид корҳои ниҳолшинонӣ бомаром идома доранд.

Тавре мудири шуъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдуазиз Маҳмудзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар вилоят вобаста ба иқлими ноҳияҳо дар ду марҳила ниҳол шинонида мешавад, яъне моҳҳои ноябр – декабр меваҳои донакдору тухмакдор ва аввали баҳорон ниҳолҳои гармидӯст, чун хурмо, анор, анҷир, меваҳои ситрусӣ ва ғайра.

Ба иттилои манбаъ, дар мавзеъи Рухаки Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар майдони 40 га шинонидани ниҳолҳои бодом ва дар ҳамин минтақаи Ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони 3 га шинонидани ниҳолҳои зардолу ва шафтолу бомаром идома дорад.

Инчунин дар доираи иҷрои “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ” дар ҳамин мавзеи Рухаки Ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов, дар заминҳои ҶДММ “Ганҷи ҳилол” бунёди 21 га боғҳои нав ва дар майдони 8 гектар барқароркунии боғҳои кӯҳна низ пешбинӣ гардидааст.

Имрӯзҳо баҳри таъмин ва харидорӣ намудани навъҳои гуногуни ниҳолу тухмиҳо аз ҷониби хоҷагиҳои кишоварзӣ, инчунин ташкилоту муассисаву аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, чун Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Истаравшан, Панҷакент ва Шаҳристон 6 адад хоҷагиҳои давлатии ниҳолпарварӣ фаъолият доранд.

Ҳамзамон дар филиали суғдии Институти боғдориву сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон низ мутахассисони соҳа ба парвариши ниҳолҳои гуногуни мевадиҳандаи ба иқлими ноҳияҳои вилояти Суғд мутобиқ машғуланд. Ҳоло дар филиали мазкур барои мавсими ниҳолшинонӣ беш аз 10 ҳазор бех ниҳолҳои қадпасти зардолуву шафтолуву олу омода карда шудаанд.

Дар маҷмӯъ, дар миқёси вилояти Суғд дар доираи амалинамоии Барномаи давлатӣ оид ба бунёди боғу токзори нав давоми 5 сол бояд, ки дар майдони 90 гектар бо истифода аз ниҳолҳои қадпаст боғҳои интенсивӣ бунёд карда шаванд. Аз ин ҳисоб бунёди 20 гектари он соли 2019 пешбинӣ гардидааст.

Январь 8, 2019 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд