ДАРАХТ БИНШОН! Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А. Фирдавсӣ то ҷашни Сада ба макони аслии сайру саёҳат табдил меёбад

Январь 24, 2019 16:46

ДУШАНБЕ, 24.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. 27 январи соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе иди Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Муассисаи давлатии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи  Абулқосим Фирдавсӣ макони баргузории ин ҷашни суннатӣ интихоб гардидааст. Ҳоло корҳои ободонию сабзкорӣ дар ҳудуди ин боғ дар доираи омодагиҳо ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни Сада бомаром ҷараён доранд. Кормандони муассиса кӯшиш доранд, ки симои боғро ҷолибтару назаррабо карда, онро то баргузории ҷашни бостонӣ ба макони аслии сайру саёҳати сокинону меҳмонон табдил диҳанд.

Бо мақсади боз ҳам сарсабзу хуррам гардонидани ҳудуди Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, ки  баъди таҷдиду навсозӣ воқеан макони писандида барои сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат шудааст, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ пайваста тадбирандешӣ мегардад.

Тавре агрономи МД Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А. Фирдавсӣ Абдуфаттоҳ Самиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт,  дар доираи ҳамин гуна тадбирҳо дар боғи мазкур корҳои нармсозӣ ва шинонидани гулу дарахтони ороишӣ ҷараён доранд. Зикр гардид, ки зимни ташкили як маъракаи дастаҷамъонаи гулшинонӣ дар ҳудуди боғ қариб 6 ҳазор дона гулҳои гуногунранги бисёрсола  шинонида шуданд.

Ба андешаи номбурда, нашъунамои гулу бутта ва дарахтони ҳамешасабз метавонад дар гуногунии биологии ин боғ ва зебогии ин гӯшаи пойтахт нақш муассир дошта бошад. Шинонидани гулҳои ороишии бисёрсола, буттаҳо ва дарахтони ороишию ҳамешасабз дар боғи мазкур бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва дар асоси тавсияҳои мутахассисони соҳа анҷом дода шуд.

Ба иттилои масъулини боғ,  дарахтони мазкур аз Боғи миллӣ ва боғи назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дастрас гардидаанд. Дар баробари буттаву дарахтони ватанӣ, инчунин навъҳои мухталифи буттаву дарахтони нодир, ки аз хориҷи кишвар оварда шудаанд, дар боғи мазкур шинонида ва парвариш ёфта истодаанд.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар боғ беш аз 750 ҳазор бех гулу гулбуттаҳои ороишии бо завқи баланди зебоипарастӣ шинонида шуда диққати ҳар бинандаро ҷалб менамоянд.

Дар ин кор саҳми кормандони МД Хоҷагии ҷангали «Ромит» низ хеле назаррас аст. Зеро тақрибан як моҳ аст, ки зиёда аз 30 нафар кормандони ин муассиса дар шинонидани гулу бутта ва дарахтони ороишию ҳамешасабзи ин макони истироҳатӣ заҳмат мекашанд.

Ёдовар мешавем, ки 5 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»—ро дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, пешниҳод намуданд, ки минбаъд Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» ба номи Абулқосим Фирдавсӣ номгузорӣ карда шавад.

Пешвои миллат ба масъалаи сабзу хуррамгардонӣ диққати махсус зоҳир намуда, ҳамзамон ба масъулин дас­тур доданд, ки дар ободии бештар ва хуррам гардонидани боғ талош ба харҷ дода, онро ҳамеша сабз нигоҳ доранд.

Январь 24, 2019 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад