ДАРАХТ БИНШОН! Дар вилояти Суғд соли гузашта 736 гектар боғоти нав ташкил гардиданд

Январь 7, 2019 17:02

ДУШАНБЕ, 07.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли   2018 дар вилояти Суғд  бунёди 252 гектар боғу токзори нав ба нақша гирифта шуда буд. Тайи соли гузашта 794 гектар боғу токзори нав бунёд гардиданд, ки аз нақшаи пешбинишуда 3,1 баробар зиёд мебошад.  Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, аз ин миқдор  боғу токзор 736 гектарро боғоти нав ва 58 гектарро  токзори нав ташкил медиҳанд. Имрӯз  дар вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки боғу токпарварӣ аз бахшҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ маҳсуб ёфта, он дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо ҷои кори доимӣ таъмин кардани аҳолӣ, инчунин содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар нақши муҳим мебозад. Аз ин лиҳоз ҳамасола дар қаламрави вилоят садҳо гектар токзору боғҳои нав бунёд ва боғҳои кӯҳна барқарор мегарданд.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2018 дар вилоят бо заҳмати шабонарӯзии боғпарварон 135,1 ҳазор тонна мева ва 61,2 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардидааст, ки мутаносибан 15,4 ҳазор тонна ва 6,3 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Январь 7, 2019 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд