ДАРАХТ БИНШОН! Хоҷагии ниҳолпарварии ба номи Ғайбулло Масаидови ноҳияи Б. Ғафуров дар мавсими имсола беш аз 20 ҳазор ниҳол ба фурӯш мебарорад

Январь 5, 2019 09:54

ДУШАНБЕ, 05.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Иди Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ нимаи дуюми моҳи январи соли равон дар ҷумҳурӣ намоиш-фурӯши ниҳолҳо баргузор мешавад. Вобаста ба баргузории намоиши мазкур ва омодагии хоҷагиҳои ниҳолпарвар ба он хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Хоҷагии давлатии ниҳолпарварии  ба номи Ғайбулло  Масаидови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Далер Розиқов ҳамсуҳбат шуд.

Тавре номбурда иброз дошт, ниҳолпарварӣ аз самтҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо дар мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардида, ин раванд дар қаламрави мамлакат бовусъат идома дорад.  Зеро шинондани дарахт амри хайр буда, сабаби боз ҳам сарсабзу обод гардидани сарзамини Тоҷикистон мегардад.

«Бо ин мақсад Хоҷагии давлатии нихолпарварии ба номи Ғайбулло Масаидови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳамасола дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати кишоварзии мамлакат зиёда аз 300 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда ба фурӯш омода менамояд. Дар  ин ҷода хоҷагии мо тасмим гирифтааст, ки  дар намоиш – фурӯши ниҳолҳо зиёда аз 20 намуди ниҳолҳои мевадиҳанда, аз ҷумла  зардолу, шафтолу, олу, гелос, себ, нок, биҳӣ, бодом, чормағз, анор, анҷир ва ғайраро пешкаши харидорон гардонад»,- гуфт Далер Розиқов.

Ба зикри номбурда, ҳамчунин  аз тарафи хоҷагӣ  зиёда аз 20 ҳазор бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ, гулу буттаҳо, аз ҷумла арчаи сӯзанбарг, можавелника, туя, кипарис, сафедор ва гули садбарг  омода гардидаанд, ки ҳамаи ин барои ҳусни дубора бахшидан ба кӯчаю хиёбон ва шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ истифода бурда мешаванд. Ниҳолҳое, ки  ҳоло барои  фурӯш омода гардидаанд, аз санҷиши давлатӣ гузашта, дорои сертификат мебошанд.

Ҳоло кормандони  Хоҷагии давлатии ниҳолпарварии  ба номи Ғайбулло  Масаидов кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар якҷоягӣ бо олимон ва мутахассисони соҳа беҳтарин ниҳолҳои ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯйро истеҳсол намоянд. Онҳо ба он мекӯшанд, ки бо ин амали хайрашон дар зиёдшавии боғу токзор ва пешрафти амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас гузоранд. Имсол хоҷагӣ тасмим гирифтааст, ки дар мавсими шинонидани ниҳол зиёда аз 20 ҳазор бех ниҳолҳои худро ба фурӯш барорад.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар манотиқи ҷумҳурӣ 14 хоҷагиҳои  давлатии ниҳолпарвар фаъолият доранд. Ҳар яки  ин хоҷагиҳо тибқи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2016- 2020» амал менамоянд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Январь 5, 2019 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд