ДАРАХТ БИНШОН! Маъракаи ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон вусъати тоза мегиранд

Январь 8, 2019 10:51

ХУҶАНД, 08.01.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дар вилояти Суғд ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1300 рӯзи меҳнати зарбдор эълон гардидааст, ки дар доираи он корҳои ободонӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ ва  сарсабзу хуррам гардонидани маҳалҳо бомаром идома дорад. Сокинони касбу кори гуногун дар корҳои бунёдкорӣ якдилона иштирок доранд. Хосатан, вусъати ин маъракаи муҳим дар маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд бештар ба назар мерасад. Аз ҷумла, сокинони маҳаллаи Чашмаи Арзана зимни корҳои ободонӣ дар маъракаи шинонидани ниҳолҳо дар кӯчаи Саид Валиеви маркази маҳалла фаъолона иштирок доранд.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  дирӯз дар саҳни бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки бевоситаи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид. Дар ин рӯз аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроия беш аз 200 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд.

Инчунин дар шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик»- Гулистон низ ҳашари ниҳолшинонӣ   ҷараён гирифта, дар он раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода, кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва хоҷагии коммуналӣ иштирок намуданд.

Дар маҷмӯъ, дар ин рӯз дар шафати кӯчаи асосии маркази шаҳри Гулистон, атрофи майдончаи варзишӣ ва беморхонаи марказӣ дар масофаи тақрибан 500 метр 70 бех дарахти ардач ва 40 бех санавбар шинонида шуд.

Корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ идома доранд.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд баҳри дар сатҳи баланд таҷлил гирифтани  Фестивали вилоятии гули лола корҳои омодагӣ бомаром идома дошта, айни замон шинонидани тухми гули лола дар мавзеъҳои пешбинишуда оғоз гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ дар маркази вилоят шинонидани беш аз як миллион дона гули лола ва ҳамин миқдор гули садбарг дар назар дошта шудааст.

Январь 8, 2019 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид