ДАРАХТ БИНШОН! Ниҳолпарварони шаҳри Ваҳдат 20 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ҳамешасабз ва мевадиҳанда барои фурӯш омода намудаанд
ВАҲДАТ, 07.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии ниҳолпарварии шаҳри Ваҳдат соли 2018 зиёда аз 17 намуд навъҳои ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкан ва ҳамешасабз парвариш кардаанд. Онҳо қаламчаи навъҳои ниҳолҳои босифатро аз ноҳияҳои Ҳисор, Файзобод, Шаҳринав ва водии Рашт дастрас намудаанд.
Тибқи иттилои мутахассиси Корхонаи ниҳолпарварии шаҳри Ваҳдат Сиддиқҷон Иномов, соли 2018 ниҳолпарварони хоҷагӣ дар 23 гектар замини хоҷагӣ 471 ҳазору 359 бех ниҳол парвариш намуданд. Аз ин шумора 184 ҳазору 890 бехро дарахтони мевадиҳанда, 48 ҳазору 810 бехро ҳамешасабз ва 53 ҳазору 196 бехро дигар навъи дарахтон ташкил медиҳанд. Айни замон дар корхонаи мазкур 20 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабз ва мевадиҳанда, аз қабили зардолу, себ, олу, чормағз ва гелос барои фурӯш омода мебошанд.
Тибқи иттилои манбаъ, Корхонаи воҳиди давлатии ниҳолпарварии шаҳри Ваҳдат бо хоҷагиҳои ҷангали шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, минтақаи Рашт ва вилояти Хатлон шартнома баст.
Тибқи ин шартнома, корхона соли 2018 онҳоро барои барқарор намудани ҷангалзор ва бунёди боғҳои намунавӣ бо 57 ҳазор бех ниҳолу кӯчатҳо таъмин намуд.








Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид






