ДАРАХТ БИНШОН! То соли 2020 дар Тоҷикистон зиёда аз 20 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 03.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. 30 декабри соли 2015 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ба тасвиб расид. Тибқи он дар муддати 5 сол бояд зиёда аз 20 ҳазору 153 гектар боғу токзор бунёд карда шавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боғу токпарварӣ аз соҳаҳои афзалиятноки кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Зеро он дар таъмини амнияти озуқаворӣ, зиёд намудани ҳаҷми содирот ва бо ҷои кори доимӣ таъмин кардани аҳолӣ нақши муҳим мебозад.
Тавре муовини сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухиддин Набиев зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, шинонидани ниҳол, нигоҳубин ва сабзонидани боғ дар баробари тарбияи фарзанди солеҳ ва бунёди иморат яке аз суннатҳои писандидаи фарҳанги мардуми ориёӣ ба ҳисоб меравад. Ин амр баёнгари усулҳои ҷавҳарии маърифату маданияти қадимаи заминдорӣ ва ҷузъи таркибии фарҳангу тамаддуни деринаи мо мебошад.
Вобаста ба ин Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра корҳои назаррас ба анҷом расонида, дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат соли 2015 «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016-2020»- ро дар якҷоягӣ бо мутахассисон ва олимони соҳа таҳия намуд.
«Бояд гуфт, ки соли 2018 дар ҷумҳурӣ дар майдони 2 ҳазору 858 гектар боғу токзор бунёд гардид, ки аз инҳо 2 ҳазору 641 гектарашро боғ ва 142 гектарро майдони токзор ташкил медиҳад. Имрӯз низ дар мамлакат ҷараёни бунёди боғу токзор идома дошта, Вазорати кишоварзӣ дар ин самт корҳои зиёдеро ба нақша гирифтааст. Мавриди зикр аст, ки дар кишвар бунёди боғҳои интенсивӣ сол аз сол зиёд гардида, мувофиқи маълумоти фаврӣ, соли 2018 зиёда аз 49 ҳазор гектар боғҳои интенсивӣ бунёд карда шудаанд»,- гуфт Фаррухиддин Набиев.
Ба иттилои номбурда, боғҳои интенсивӣ дорои афзалияти зиёд буда, дар муддати 2-3 сол ба ҳосил медароянд ва хароҷоти худро дар кӯтоҳтарин муддат мепӯшонанд. Инчунин боғҳои интенсивӣ имконият доранд, ки аз як гектар то 40-50 тонна ҳосил диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки имсол якшанбеи дуюми моҳи январ дар мамлакат Иди Сада ва ҷашни кишоварзон доир мегардад. Дар ин рӯз ярмарка- фурӯши ниҳолҳо ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ярмарка- фурӯши ниҳолҳо аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ниҳолпарварон беҳтарин навъҳои дарахтон, ба монанди себ, анор, олу, зардолу, бодом, инчунин гулу буттаҳои ороишӣ ва тухмии зироати кишоварзии дорои сертификати мутобиқат ба талаботро ба фурӯш мебароранд.
Бояд гуфт, ки баргузории ярмарка- фурӯши ниҳолҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон ва Суғду Бадахшон ба нақша гирифта шудааст.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»








СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Истаравшан таъмир гардид
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур оғоз гардид
Тоҷикистон ва Латвия ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ густариш медиҳанд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
Ҳабибулло Назарзода дар ҷаласаи директорони генералии авиатсияи граждании минтақаҳои ИКАО иштирок намуд
Самтҳои афзалиятноки ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Агентии рейтингии байналмилалии «Moody’s» муҳокима шуд
«Истиқлоли давлатӣ, озодиҳои эътиқодӣ ва оинҳои миллӣ». Таҳти ин унвон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кормандони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино корҳои ободониро бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатӣ вусъат додаанд
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Пагоҳ маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» доир мегардад
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Атташеи минтақавии Британияи Кабир оид ба таҳримҳо мулоқот намуд
Дар Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «СУҒД-2026» баргузор мешавад






