Фарҳод Камолзода: «Дар нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ 8 озмоишгоҳ насб гардиданд»

Январь 31, 2019 13:45

ДУШАНБЕ, 31.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида дар нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқавории гузаргоҳҳои сарҳадӣ 8 адад озмоишгоҳҳо насб гардиданд. Ин нукта имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид.

Раиси Кумитаи мазкур Фарҳод Камолзода зикр намуд, ки ин иқдом бо мақсади пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат, зараррасонҳои карантинӣ ва барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Ба гуфтаи номбурда, соли 2018 бо мақсади пешгирии воридоти  маҳсулоти пастсифат  дар гузаргоҳи сарҳадии  «Панҷи Поён» беш аз 42 тонна  моҳии яхшуда ва зиёда аз 131 тонна маҳсулоти гӯшти паранда, ки бидуни иҷозатнома ворид гардидаанд, боздошт ва пас гардонида шуданд.

Бояд зикр намуд, ки  Кумитаи бехатарии   озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ниҳоди навтаъсиси давлатӣ буда, моҳи декабри соли 2017 дар заминаи  чор мақомоти давлатӣ –Хадамоти  назорати давлатии байторӣ, Хадамоти  назорати давлатии  фитосанитарӣ ва  карантини растанӣ, Хадамоти  назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии   назорати  давлатии тухмии Вазорати  кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Таъсис додани кумитаи махсус оид ба назорат дар ин соҳа дар ҳолест, ки таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

«Кумита дар соли сипаригардида фаъолияти худро ба таъмини бехатарии  озуқаворӣ, ҳифзи солимии аҳолӣ, ҳимояи  манфиатҳои миллӣ ва  ҳуқуқи истеъмолкунандагон  равона намуд», — гуфт Фарҳод Камолзода.

Январь 31, 2019 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд