Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии Қазоқистон сазовори 13 медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 18.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат дар Олимпиадаи 15-уми байналмилалии Жаутиков «15th International Zhautykov Olympiad 2019», ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, соҳиби 13 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, олимпиадаи мазкур аз 9 то 15 январи соли 2019 оид ба фанҳои физика, математика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Дар он хонандагони тоҷик фаъолона иштирок намуданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар олимпиадаи мазкур аз 20 давлати дунё 532 нафар хонанда иштирок карданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин олимпиадаи пурнуфуз 5 даста муаррифӣ намуда, сазовори 13 ҷойи ифтихорӣ (2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ) гардиданд.
Ёдрас мешавем, ки соли 2018 хонандагони кишвар дар олимпиадаи мазкур сазовори 11 медал (1 медали тилло, 3 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ) гардида буданд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






