Худоёр Худоёрзода: «Айни ҳол дар соҳаи нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди татбиқ қарор доранд»
ДУШАНБЕ, 30.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Айни ҳол дар соҳаи нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 638 млн. 770,7 ҳазор доллари ИМА тибқи созишномаҳои қарзию грантӣ ва 521 млн. 456,0 ҳазор доллари ИМА тибқи қарордоди имзошуда мавриди татбиқ қарор доранд. Дар ин бора имрӯз Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.
Бино ба маълумоти номбурда, аз ин 11 лоиҳа ба соҳаи роҳдорӣ рост омада, 88,7%-и маблағҳои лоиҳавиро ташкил медиҳанд.
Мавриди зикр аст, ки дар ин давра «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара» бо дарозии 67,7 км ба маблағи 54,0 млн. доллари ИМА, аз ҷумла қитъаи Гулистон-Исфара, Исфара-Ким, Ким-Кучкак ва Конибодом-Патар, Деҳмой-Пролетар ва Пролетар-Маданият, инчунин чорроҳаи сесатҳа дар маҳаллаи 82-юми пойтахт мавриди истифода қарор дода шуданд.
Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ зикр намуд, ки дар доираи маблағҳои сарфагардидаи лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Исфара» дар ҳаҷми 10,3 млн. доллари ИМА дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ таҷдиди қитъаи боқимондаи роҳи мошингарди Конибодом-Патар ва корҳои лоиҳакашии роҳҳои мошингарди «Хуҷанд-Исфара» (марҳилаи 2), Гулистон-Кӯлоб, минтақаи Барсем ва пули «Селхозтехника»-и шаҳри Хоруғ пешбинӣ шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар (марҳилаи 1-33,2 км)» идома дошта, дар лоиҳаи марҳилаи дуюми он бо дарозии 39,6 км корҳои омодасозӣ, топографӣ, геологӣ, лоиҳакашӣ, заминӣ-хокканӣ, кӯчонидани хати барқ, сохтмони ҷойи хоб ва бинои кории пудратчӣ ва машваратчӣ, инчунин захира намудани маводи сохтмонӣ ҷараён доранд.
Аз ҳисоби сарфаи маблағҳои лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг ва асфалтхобонии қабати дуюми болопӯши роҳ дар қитъаи Сайрон-Қарамиқ таҷдиди роҳи моишнгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг бо дарозии 43 км оғоз гардида, 50%-и корҳо иҷро шудаанд.








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






