Имсол дар шаҳри Душанбе шаш ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ баргузор мегарданд

Январь 21, 2019 08:50

ДУШАНБЕ, 21.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар арафаи рӯзҳои ид шаш ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ баргузор мегарданд.

Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ярмаркаҳои мазкур бо мақсади таъмини сокинону меҳмонони шаҳр бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ доир карда мешаванд.

«Тибқи нақшаи ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2019, ки бо қарори мазкур тасдиқ гардид, имсол дар арафаи рӯзҳои иди байналмилалии Наврӯз, Рамазон, Қурбон, Истиқлолияти давлатӣ, Меҳргон ва Соли нав – 2020 ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввали мардум доир карда мешаванд»,-  илова намуд манбаъ.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ раисони ноҳияҳои пойтахтро вазифадор намудааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани ярмаркаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Январь 21, 2019 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд