КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хоруғ ба низоми электронӣ гузашт

Январь 31, 2019 11:19

ХОРУҒ, 31.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар амал татбиқ кардани барномаҳои махсуси Ҳукумати электронӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшҳои Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» батадриҷ ба низоми нави электронӣ мегузаранд. Барномаи мазкурро  Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар амал татбиқ менамоянд.

Директори Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хоруғ Маснав Саидзокиров зимни муаррифии барномаи нави бақайдгирии молу мулки шаҳрвандон   гуфт, ки «ин ба кормандони корхона имконият фароҳам меорад, ки дар зудтарин фурсат тавассути интернет молу мулки шаҳрвандонро ба қайди давлатӣ гиранд. Ҳамчунин тамоми асноду ҳуҷҷатҳои заруриро дар кӯтоҳтарин муҳлат таҳия намуда, ба дасти онҳо супоранд. Ин барнома шаффофияти ҳисобу китобро дар фаъолияти ҳам Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва ҳам мақомоти андоз ба таври комил таъмин карда,  дар оянда амалҳои корруписониро дар ин ду ниҳоди давлатӣ решакан менамояд».

Дар гузашта шаҳрвандон барои ба қайд гирифтани молу мулки ғайрманқули худ  идора ба идора гашта, баъзан барои ба даст овардани як имзои сардори ин ё он корхона ду-се рӯзро беҳуда сарф мекарданд. Акнун ин ҳама сарсонию саргардониҳо бартараф шуда, шаҳрвандон дар доираи як идора метавонанд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи моликият ба даст оранд.

Ба ибораи дигар,  агар қаблан дар як рӯз  20 ҳуҷҷати бақайдгирии давлатӣ ба шаҳрвандон дода мешуд, ҳоло бо тарзу усули электронӣ дар як рӯз зиёда аз 100 ҳуҷҷату санадҳои шаҳрвандонро ба расмият даровардан мумкин аст.

Январь 31, 2019 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид