Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сокини пойтахтро бо гумони ташкили фоҳишахона дастгир намуданд
ДУШАНБЕ, 08.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти як сокини пойтахт хабар медиҳад, ки дар ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона гумонбар дониста мешавад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати мазкур хабар доданд, ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
«Гумонбаршаванда 6 январи соли 2019, тахминан соати 15:00, хонаи истиқоматии худро, ки дар кӯчаи Навбаҳор ҷойгир мебошад, ба фоҳишахона табдил додааст. Ӯ дар хонаи худ барои марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 27-солаи сокини шаҳри Ҳисор шароит фароҳам оварда, аз онҳо 150 сомонӣ маблағ ситонидааст», — илова намуд манбаъ.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии мамлакат, номбурда 6 январи соли равон хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Н.Махсумро низ ба фоҳишахона табдил дода, дар он барои марди 19-сола ва зани 38-солаи сокинони шаҳри Душанбе шароит фароҳам овардааст. Ӯ аз онҳо барои ин кори худ 250 сомонӣ маблағ ситонидааст.
Мавриди зикр хос аст, ки 2 январи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаро ба имзо расониданд. Дар ин миён ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Аз ҷумла, ба моддаи 239 Кодекси ҷиноятӣ, ки ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ ном дорад, қисми 2 илова гардид. Тибқи он агар ҳамин кирдор такроран ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад, бо маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол ҷазо дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






