Кумитаи рушди сайёҳӣ ғолибони озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» ва беҳтаринҳои сол дар соҳаи сайёҳиро эълон мекунад
ДУШАНБЕ, 23.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои дар соли 2018 эълон намударо ҷиҳати муайян намудани беҳтаринҳои сол аз рӯи як чанд номинатсия ҷамъбаст мекунад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур хабар доданд, баҳри татбиқи ташаббусҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, беҳтар гардидани симои сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ 26 январи соли 2019 дар меҳмонхонаи «Ҳаят реҷенсӣ» ҳамоиш оид ба ҷамъбасти озмунҳо дар соҳаи сайёҳӣ баргузор мегардад.
Дар чорабинии мазкур озмунҳо аз рӯи номинатсияҳои беҳтарин ширкати сайёҳии сол дар самти воридотӣ, беҳтарин ширкати сайёҳии сол дар самти дохилӣ, беҳтарин ширкати сайёҳии сол аз рӯи омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, роҳбалади беҳтарини сол, осоишгоҳи беҳтарин, беҳтарин меҳмонхона, беҳтарин ҳунарманди ороишгари санг, беҳтарин ҳунарманд оид ба истеҳсоли савғотии беҳтарин ба сайёҳон, таҳияи беҳтарин маҷмӯаи «Ҳафт ганҷинаи Тоҷикистон» ҷамъбаст мегарданд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






