Маркази миллии тестӣ: соли сипаригардида 60 ҳазору 701 нафар сазовори унвони донишҷӯ гардиданд

Январь 31, 2019 16:10

ДУШАНБЕ, 31.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаришуда наздик ба 90 ҳазор довталаб тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳон супориданд. Ин нуктаро Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ имрӯз зимни нишастӣ матбуотӣ баён намуд.

Ба гуфтаи Хуршед Икромӣ, шумораи довталабоне, ки  соли 2018  ба озмуни тақсимот роҳ ёфтанд,  70 ҳазору 822 нафарро ташкил дод.

«Ин рақам ба 79,3 %-и довталабони дар имтиҳонҳо иштироккарда  баробар буда, нишондиҳандаи мазкур аз холҳои гузариши фаннии ҳар сол муқарраршаванда вобастагӣ дорад», — илова намуд мавсуф.

Саволе ба миён меояд, ки соли 2018 чанд нафар довталабон унвони донишҷӯиро соҳиб шуданд? Хуршед Икромӣ дар посух ба он чунин гуфт: «Тибқи натиҷаҳои 2 озмуни тақсимот соли сипаригардида аз шумораи умумии довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфта ҳамагӣ 60 ҳазору 701 нафарашон сазовори номи донишҷӯ гардиданд».

Ёдовар мешавем, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 таъсис ёфта, мақсади асосии он  шаффоф гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мебошад.

Январь 31, 2019 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд