МЕНЕҶМЕНТИ СИФАТ – КАФОЛАТИ РУШДИ СОДИРОТ. Муовини Сарвазир зарурияти пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат, дастгирии истеҳсолоти ватанӣ ва мусоидат ба рушди содиротро таъкид намуд

Январь 18, 2019 08:58

ДУШАНБЕ, 18.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 январи соли равон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи Агентӣ баргузор гардид.

Дар раванди натиҷагирӣ аз фаъолияти Агентӣ муовини Сарвазири мамлакат оид ба ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ хатарнок, дастгирии истеҳсолоти ватанӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, мусоидат ба рушди содирот, ба роҳ мондани корҳои мутобиқгардонӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва дигар самтҳои фаъолияти соҳа таъкид ба амал оварда, аҳли кормандони Агентиро барои воқеан тахассусона фаъолият намудан даъват намуд. Таъкид карда шуд, ки тарзи кунунии муносибат ба кор наметавонад ифодакунандаи таъмини воқеии манфиатҳои миллӣ дар хориҷи кишвар бошад.

Махсус зикр шуд, ки ниҳодҳои соҳавӣ дар баробари молистеҳсолкунандагон масъул мебошанд, ки барои мутобиқ гардонидани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мусоидат намоянд. Вобаста ба ин муовини Сарвазир мусоидат намудан ба рушди содиротро тавассути ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат дар корхонаҳои ватанӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ аз афзалиятҳои аввалиндараҷа барои муаррифии кишварамон дар хориҷи кишвар баҳогузорӣ намуда, барои ислоҳ намудани камбудиву норасоиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки дар ин самт Агентӣ вазифадор карда мешавад, ки бо ташкилотҳои байналмилалии таҳиякунандаи стандартҳо ҳамкории судманд ба роҳ монда, барои мутобиқгардонии моли истеҳсоли ватанӣ ба стандартҳои байналмилалӣ корҳои воқеан амаливу тахассусона анҷом диҳад.

Зикр карда шуд, ки дар ин самт баъзе пешравиҳо мушоҳида мегарданд, аммо бо назардошти имконияту захираҳои мавҷудаи кишвари азизамон ин нишондиҳандаҳо нонамоён мебошанд.

Аз ҷумла, дар доираи ҳамкории Агентӣ бо Комиссияи аврупоии иқтисодии СММ ва қабули стандартҳо оид ба меваҳои тару тоза, ҳамчунин бо дархости ҶДММ «Баракат Исфара» аз тарафи Агентии Тоҷикстандарт стандартҳои КАИ СММ «Себи хушк» (стандарт ЕЭК ООН DDP-16), «Олуи хушк» (стандарт ЕЭК ООН DDP-07) ва «Зардолуи хушк» (стандарт ЕЭК ООН DDP-15) ҳамчун стандарти миллӣ таҳия карда шуданд ва пас аз баррасӣ дар ҷаласаҳои гурўҳи корӣ оид ба стандартҳои кишоварзии сифат ва дастгирии давлатҳои аъзо қабул гардиданд.

Муовини Сарвазир иброз дошт, ки дар робита ба муҳимияти ин масъала ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо масъул мебошем, ки бо мақсади муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар хориҷи кишвар истеҳсоли маҳсулоти босифат ва рақобатпазирро тавассути ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат ва бехатарӣ аз рўи стандартҳои байналмилалӣ дар корхонаҳои ватанӣ таъмин намоем.

Мутобиқгардонӣ ба стандартҳои Комиссияи иқтисодии аврупоии  СММ (ЕЭК ООН) ва дигар стандартҳои давлатҳои тараққикарда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти ватаниро ба бозорҳои ҷаҳонӣ бе монеа содирот намояд.

Паҳлуи дигари хеле муҳим- ин омода намудани мутахассисони касбӣ дар мақомот, тақвият додани ҳамкорӣ бо содироткунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, аз байн бурдани монеаҳои техникӣ барои беҳтар шудани сифат ва рақобатпазирии маҳсулот дар корхонаҳо мебошад,-зикр намуд муовини Сарвазир.

Январь 18, 2019 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»