Нахустин хонаҳои истиқоматии шаҳри Душанбе ба гази табиӣ пайваст карда шуданд
ДУШАНБЕ, 18.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аввалин гурӯҳи сокинони шаҳри Душанбе пас аз танаффуси ҳафтсола дар хонаҳои худ ба гази табиии мамлакати ба мо дӯст – Ӯзбекистон дастрасӣ пайдо намуданд. Яъне аз оғози моҳи равон зиёда аз 20 хонаи истиқоматии қисмати шимолу шарқии пойтахт ба қубурҳои газӣ пайваст карда шуданд. Дар ин бора муовини аввали Директори генералии ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Шавкат ШОИМОВ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
«Ин моҳ гази табиии Ӯзбекистон ба хонаҳое, ки ба қубурҳои асосӣ наздиканд ва хароҷоти зиёдатӣ талаб намекунанд, интиқол дода шуд. Зиёда аз 20 хонаи истиқоматии қисмати шимолу шарқии пойтахт, ки асосан дар кӯчаи Мирзо Турсунзода воқеанд, ба он пайваст карда шуданд. Ин хонаҳо қаблан барои истифода бурдани гази табиӣ омода гардида, ҳамакнун ба таври таҷрибавӣ аз он истифода мебаранд», — илова намуд Шавкат Шоимов.
Ба иттилои директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Душанбегаз» Ҷамолиддин Абдураҳимов, шурӯъ аз оғози сол дар маҷмӯъ 17 хонаи шаҳрвандон, ки дар масофаи 50 метр аз қубури асосӣ ҷойгиранд, ба гази табиии Ӯзбекистон пайваст карда шуданд.
«Айни замон инфрасохтори хонаҳои дигар, ки дар ин масофа ҷойгиранд, мавриди омӯзиш қарор дошта, вобаста ба он корҳо идома доранд. Инчунин имконияти пайваст намудани онҳо ба гази табиӣ мавриди омӯзиш қарор дорад», — илова намуд ҳамсуҳбати мо.
Ба иттилои манбаъ, аксарияти корхонаҳои саноатии мамлакат аллакай аз гази табиии Ӯзбекистон истифода бурда истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки айни ҳол истифодабарандагон ба ҳар як метри мукааби гази табиӣ 1,7 сомонӣ пардохт менамоянд, ки нисбат ба нуктаҳои фурӯши газ хеле арзон мебошад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






