Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2019» дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 7.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Охири моҳи марти соли равон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон -2019» гузаронида шуда, дар он молистеҳсолкунандагони ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро ба намоиш хоҳанд гузошт.
Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон -2019» бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт гузаронида мешавад.
Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон -2019» дар масоҳати умумии 600 метри мураббаъ доман густурда, ҳадафаш муаррифии молу маҳсулоти корхонаю ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ҷалби сармоя ва рушди иқтисод дар мамлакат арзёбӣ мегардад.
Интизор меравад, ки дар намоишгоҳи мазкур корхонаю ширкатҳои молистеҳсолкунандаи ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро дар бахшҳои энергетика, технологияю таҷҳизот, саноати кимё, мошинсозӣ, кишоварзӣ, сохтмон, хӯроки умумӣ, тиб ва дорусозӣ, технологияҳои иттилотӣ ва коммуникатсионӣ, нақлиёт ва логистика, технология ва хизматрасонии бонкӣ, маснуоти заргарӣ, бастабандӣ ва табъу нашр, сайру саёҳат ва ҳунармандӣ ба намоиш гузоранд.
Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон -2019» намоиши анъанавӣ маҳсуб ёфта, он ҳамасола дар пойтахти кишварамон- шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






