ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст

Январь 7, 2019 08:15

ДУШАНБЕ, 07.01.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш    дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14   ва   рӯзона -3+2 дараҷа сард мешавад.   Дар  шарқи вилоят  ҳарорат шабона 25-30  ва рӯзона 4-9  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Шамол  аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 17-22  метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона  5-10  дараҷа гарм шуда, дар кӯҳҳо ҳарорат шабона 8-13 ва рӯзона -1+4 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона ва рӯзона -1+4  ва рӯзона 7-12  дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона   1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои бебориш дар назар аст.   Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона     5-10  дараҷа гарм мешавад. Дар баланкӯҳҳо ҳарорат шабона 7-12 дараҷа сард ва  рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе  ҳавои бебориш мешавад.    Ҳаво   шабона 2-4 дараҷа сард  ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Январь 7, 2019 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд