ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 23.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани барфи кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 17-22 ва рӯзона 8-13 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 13-18, инчунин то 22-24 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6-11 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба -3+2 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 8-13, инчунин то 15-17 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа сард ва рӯзона 5-7 дараҷа гарм мешавад.








Сафири Тоҷикистон бо ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявии рушди Амрико мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ






