ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағийрёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 01.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағийрёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -7-12 дараҷа сард, рӯзона -1+4, дар шарқи ин вилоят шабона -23-28 ва рӯзона -3-8 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона +1+6 ва рӯзона +9+14 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст. Ҳарорат шабона ба 0+5 ва рӯзона ба 9+14 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона 1-3 ва рӯзона +12+14 дараҷа гарм мешавад.








Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд






