ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 19.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, туман мефарояд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 10-15 дараҷа сард мешавад.
Дар водиҳои вилояти Суғд ҳавои бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф меборад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 ва рӯзона -1+4 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон рӯзона асосан ҳавои бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона -0-5 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 3-8 ва инчунин то 11-13 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳарорат ба -2+3 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст






